Декабр 24, 2019 09:43 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи эъзоми созмонёфтаи коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон тафоҳумномаи эъзоми созмонёфтаи коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русияро имзо кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин тафоҳунома, ки пеш аз ин дар Шурои федератсияи Русия тасвиб шуда буд, эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷикро бар асоси ниёзи Русия ба сурати созмонёфта беҳбуд мебахшад.

Дар ин тафоҳумнома Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки тахассусҳои мавриди ниёз, шароити кору иқомат дар Русияро ба ашхосе, ки қасди кор дар ин кишварро доранд иттилоърасонӣ кунад.

Ҳамчунин дар заминаи баргузории давраҳои тахассусӣ ҳам барои коргарон барномарезӣ хоҳад шуд.

Дар ин тафоҳумнома зикр шудааст, ки Тоҷикистон ашхосеро, ки собиқаи кайфарӣ доранд ва таҳти пайгарди қазоии байналмиллалӣ будандро ба Русия эъзом накунад.

Аз сӯи дигар намояндагони Маҷлиси Шурои федератсияи Русия муътақиданд, ки ин созишнома имкони пайдо кардани маҳалли кор дар минтақаҳои мушаххас ва бар асоси ниёз ширкатҳои русиро барои коргарони муҳоҷири тоҷик фароҳам мекунад.

Созишномаи ёдшуда дар дидори Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси ҷумҳури Русия дар моҳи апрели имсол дар Маскав ба имзои ду раиси ҷумҳур расид.