Декабр 25, 2019 11:07 Asia/Dushanbe
  • Кашфи беш аз ҳазор навъ доруи таърихи масрафаш гузашта дар Тоҷикистон

Созмони дору ва ғизои Тоҷикистон вобаста ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардуми ин кишвар, аз шиносоӣ ва мусодираи 1200 номгӯи доруҳои таърихи масрафаш гузашта ва ғайристандарт дар ин кишвар таи 11 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, ин миқдор доруҳои ғайри қобили масраф, дар натиҷаи таҳққи ва тафаҳҳус аз дорухонаҳои шаҳри Душанбе, аз ду анбори ғайримуҷоз кашф ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, аксари ин доруҳо воридотӣ ва фоқиди гувоҳиномаи стандарт ҳастанд ва таърихи истифодаи онҳо низ аз муддатҳо қабл ба поён расидааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 2 ҳазору 528 дорухона фаъолият мекунанд, ки ба тартиб 912 дорухона дар вилояти Суғд, 712 марказ дар вилояти Хатлон, 507 дорухона дар шаҳри Душанбе, 330 марказ дар навоҳии марказӣ ва 67 дорухона дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон воқеъ шудаанд.