Декабр 25, 2019 11:48 Asia/Dushanbe
  • Эътирози бесобиқаи як нашрияи ҳукуматӣ ба мақомоти маҳаллии Тоҷикистон

Як нашрияи ҳукуматӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба тарзи бесобиқае нисбат ба амалкарди мақомоти маҳаллӣ эътироз кард.

Ба нақл аз Фарғона, нашрияи "Тахти Қубод" дар тозатарин нашри худ, ба нишонаи эътироз ба адами ҳамкории мақомоти давлатӣ, саҳифаи аввалро холӣ чоп кард.

Адолат Сайфуллоева, сардабири "Тахти Қубод" дар саҳифаи дуввуми нашрия навишт, саҳифаи аввал оинае аст, ки дар он ҳар мансабдори ҳукуматӣ боистӣ худро бубинад. Иқдоми мо дар холӣ гузоштани саҳифаи нахуст, ба навъе эътироз ба амалкарди мақомоти маҳаллии ҳукумат аст.

Ба навиштаи Сайфуллоева, таи як соли гузашта ҳеҷ як аз мақомоти шаҳристони Қубодиён матолибе барои чоп ироа накардааст.

Адами дастрасӣ ба мақомоти ҳукуматӣ ҷиҳати касби иттилоот, яке аз мӯъзалоти ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон аст.