Декабр 25, 2019 12:11 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Ҳеҷ маҳдудияте барои густариши равобити дуҷониба вуҷуд надорад

Сафири Эрон дар Тоҷикистон равобити иқтисодии Теҳрон ва Душанберо мукаммили ҳам хонд ва гуфт: Ҳеҷ маҳдудияте барои густариши равобити ду кишвар вуҷуд надорад.

Ба гузориши рӯзи чоршанбеи ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ҳошияи намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон афзуд: Дар ростои таҳаққуқи иродаи мақомоти олии ду кишвар, ҳеҷ маҳудияте барои густариши равобити байни Эрон ва Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Сафири Эрон дар Тоҷикисон бо ишора ба иштирокоти байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломии Эрон омодагӣ дорад дар ҳамаи заминаҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон низ дар ҳошияи намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ, фурсати баргузории намоишгоҳро барои тавсиаи тиҷорат ва фароҳам шудани фазои гуфтугӯи фаъолони иқтисодии ду кишвар ба манзури афзоиши ҳаҷми ҳамкориҳои судманди ду тараф бисёр муҳим ва арзишманд арзёбӣ кард.

Намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ бо ширкати беш аз 50 ширкати эронӣ дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Барчасп