Боздошти яке аз сокинони Кулоб ба иттиҳомҳояш барои оташзадани дарахти арчаи солинавӣ
Яке аз сокинони шаҳри Кулоб ба иттиҳоми талош барои оташзадани дарахти арчаи солинавӣ боздошт шуд.
Кормандони пулиси шаҳри Кулоб яке аз сокинони 27 солаи Чармгаронро ба иттиҳоми оташзадани дарахти арчаи солинавӣ ва ҳамла ба корманди пулис боздошт карданд.
Ба нақл аз сомонаи Осиё Плюс, Фарҳод Азизхон субҳи дирӯз қасд дошт дарахти арчаи солинавиии ороишшудаи солинавиро дар маркази шаҳри Кулобро оташ бизанад.
Бар асоси гузориши мақомоти пулиси вилояти Хатлон номбурда вақте бо мумониъати пулиси нигаҳбони майдони марказии шаҳри Кулоб,ки қасди пешгири аз ин иқдоми Ӯро дошт мувоҷаҳ мешавад фирор мекунад ва вақте корманди пулис бо ҳадафи боздошт,ба хонаи Ӯ меравад бо корд мавриди ҳамла қарор мегирад,ки дар ин даргирӣ пулис осеб намебинад.
Мақомоти пулиси вилояти Хатлон эълом карданд,ки акнун боздошт шудааст.
Фарҳод Азизхон пеш аз ин ҳам ба иттиҳоми фуруши маводи мухадир ва доруҳои равонгардон ба зиндон маҳкум шуда буд,ки як сол пеш бо итмоми даврони маҳкумият аз зиндон озод шуд.
Мақомоти пулиси вилояти Хатлон мегуянд,ки ин фард маризи равонӣ аст ва ба ҳамин далел то мушахас шудани авзоъи рӯҳӣ ва равонии Фарҳод Азизхон аз ташкили парвандаи қазоӣ барои Ӯ худдорӣ карданд.