Декабр 28, 2019 09:43 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 27 дарсадии даромади интиқолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон

Мизони даромади интиқолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия то поёни имсол ба 3 миллиард доллар мерасад.

Ба нақл аз сомонаи вазорати умури хориҷаи Русия, Игр Фролов сафири ин кишвар дар Тоҷикистон бо ишора ба афзоиши 20 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон имсол дар муқоиса бо соли гузашта гуфт ; ки ин мизон то поёни имсол ба 3 миллиард доллар хоҳад расид.

 Вай таъкид кард,ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1 миллион нафар аз атбои Тоҷикистон ба унвони коргари муҳоҷир дар Русия машғули кор ҳастанд.

Коргарони муҳоҷири тоҷик соли гузашта ҳудуди 2 миллиарду 500 миллион доллар ба Тоҷикистон ирсол карданд.

Ирсоли 3 миллиард доллар даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия имсол ба Тоҷикистон ба маънии наздик шудан ба мизони даромади ирсолии коргарони тоҷик дар соли 2014 ва пеш аз замони таҳрими Русия аз суи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба хотири замима шудани шибҳи ҷазираи Қрим хоҳад буд, зеро дар 4 соли ахир мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон байни 2 то 2 ва ним миллиард доллар будааст.

Барчасп