Декабр 28, 2019 10:01 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни соли нави милодӣ аз нигоҳи кумитаи давлатии умури диннии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии умури диннии Тоҷикистон эълом кард,ки баргузории ҷашни соли нави мелодӣ мунофоте бо ислом надорад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Афшин Муқим сухангуи ин кумита гуфт агар баргузории ҷашни соли нави мелодӣ аз суи афроде ба дин иртибот дода нашавад, мухолиф бо ислом нахоҳад буд.

Вай таъкид кард соли нави мелодӣ ба унвони ҷашни расмӣ дар тақвими Тоҷикистон ба сабт расидааст.

Ба гуфтаи сухангуи кумитаи давлатии умури диннии Тоҷикистон дар ин кишвар бархе гурӯҳҳо талош мекунанд, ки аз эҳсоси мазҳабии мардум суиистифода кунанд, дар ҳоле,ки дар Тоҷикистон соли нави милодӣ ҷашни мазҳабӣ набуда ва фақат як рӯйдоди тақвимӣ аст,ки бо тағйири соли милодӣ баргузор мешавад ҳеҷ иртиботе ба дин надорад.

Ҳатто замоне,ки ақалиятҳои масеҳӣ фаро расидани соли нави милодиро ба якдигар табрик мегуянд,ҳеҷ ҳарфе аз вилодати ҳазрати Исо (а) ба забон намеоваранд.

Ӯ гуфт; мазҳабӣ ҷилва додани ҷашни соли нави милодӣ дар Тоҷикистон аз суи баъзе афрод сабаби эҷоди фитна ва ихтилоф дар кишвар хоҳад шуд.

Барчасп