Декабр 29, 2019 09:39 Asia/Dushanbe
  • Озодии масъули калисои протистони Хуҷанд аз зиндон

Як роҳиби калисои протистон дар маркази вилояти Суғд, ки ба иттиҳоми ифротигарӣ ба се сол зиндон маҳкум шуда буд, озод шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форум18, Баҳром Холмуҳаммадови 43 сола роҳиби калисои Sunmin Sunbogym, ки қаблан ба иттиҳоми ифротигарӣ дар соли 2017 боздошт ва ба се сол зиндон маҳкум шуда буд, аз зиндони ноҳияи Ёвон озод шудааст.

Дар он замон аъзои фирқаи протистон дар Хуҷанд гуфта буданд дар паи баста шудани калисои ин гуруҳ дар ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғд дар марти 2017 мақомоти амниятӣ ба бозрасӣ аз ин калисо дар Хуҷанд иқдом ва Баҳром Холмуҳаммадовро боздошт кардаанд.

Аммо Некрӯз Муҳаммадзода қозии додгоҳи Хуҷанд эълом карда буд, Холмуҳаммадов ба иттиҳоми эълом кардани низоми сиёсии ҳоким дар Тоҷикистон ба давлати бехудоён ва кофир ва барангехтани ихтилофоти мазҳабӣ ба зиндон маҳкум шудааст.

Дар он замон мақомоти Кумитаи  давлатии умури динии Тоҷикистон гуфта буданд, ки пайрувони ин фирқаи протистон бидуни иҷозатнома ва доштани санадҳои номнависӣ фаолият мекарданд ва ба ҳамин далел калисо ва марказҳои марбут ба ин гуруҳ баста мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ин калисо ба унвони созмони мазҳабӣ дар соли 1993 дар Тоҷикистон номнавис шуда буд.

Бар асоси қонуни озодии эътиқод ва фаолияти созмонҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2009 тасвиб шудааст, пайрувон фирқаҳои ғайриисломӣ бо доштани 10 узв метавонанд аз Кумитаи давлатии умури динии ин кишвар иҷозатномаи фаолият дарёфт намоянд.