Декабр 29, 2019 10:04 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон: ҳар тоҷике солона 5 китоб бихонад

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ҳар як аз шаҳрвандони ин кишвар бояд соле 5 китоб хонад.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Эмомалӣ Раҳмон дар пайёми солонааш ба парлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки ин иқдом бояд аз кормандони ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ оғоз шавад ва тамомии вазоратҳо, созмонҳо, идораҳои давлатӣ, донишгоҳҳо ва мактабҳо, марокизи дармонӣ ва иҷтимоӣ муваззаф ба эҷоди китобхона ҳастанд.

Вай аз ин ки дар Тоҷикистон ҳамасола китобҳои зиёде мунташир ва дар анборҳо нигаҳдорӣ мешавад ба шиддат интиқод кард.

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки аз ҳисоби кумаки молии сандуқи раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни сиюмин солгарди истиқлоли ин кишвар дар соли 2021 бояд китоби Тоҷикон-и марҳум Бобоҷон Ғафуров мунташир шавад ва ба таври роягон дар ихтиёри ҳамаи хонаводаҳои ин кишвар қарор гирад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо баёни ин ки Интернет ва дигар василаҳои иртиботӣ низ имкони мутолеаро фароҳам мекунад афзуд, бо ин ҳол то замоне, ки фард ба таври мустақим китоб нахонад наметавонад ҳунари суханварӣ ёд бигирад ва маънии калимаҳо ва вожаҳоро дакр кунад, аз ин ру баргузории озмунҳои китобхонӣ барои ҳамаи қишрҳо дар Тоҷикистон як зарурат аст.