Декабр 29, 2019 10:17 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши низомиёни тоҷик барои истифода аз С-300 русӣ

Коршиноси низомии Русия муътақид аст, ки низомиёни тоҷик бояд барои таҳвили сомонаи дифои зидди мушакии С-300 русӣ, ки дар ду соли оянда ба Тоҷикистон вогузор мешавад давраи омӯзишии сахтеро бигзаронанд.

Ба нақл аз Спутник, Александр Хралинка афзуд, ин сомона мутаҳаррик ва шомили чанд сакку аст, ки бояд дар минтақаҳои мухталиф насб ва омӯзиши насб ва истифода аз ин таҷҳизот бояд ҳар чи сареътар оғоз шавад.

Ин коршиноси низомии рус бо ишора ба тасмими Вазорати дифои Русия мабнӣ бар таҳвили системаи дифои зидди мушакии С-300 то ду соли дигар ба артиши Тоҷикистон гуфт, дар пойгоҳи 201 артиши Русия дар ҳумаи Душанбе низ насли пешрафтаи ин таҷҳизот яъне С-400 мустақар хоҳад шуд.

Ахиран Сергей Шойго вазири дифои Русия эълом кард, ки нахустин сомонаи зидди мушакии С-300, ки дар пойгоҳи 201 артиши Русия дар ҳумаи Душанбе насб шудааст пас аз ду сол ба низомиёни тоҷик таҳвил хоҳад шуд.

Барчасп