Декабр 30, 2019 19:36 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои тарҳҳои муштарак меҳвари ройзании мақомоти тоҷик ва UNICEF

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва раиси Дафтари Сандуқи кӯдакон(UNICEF)-и СММ дар ин кишвар бо якдигар дидор карданд.

Ба гузориши Форс, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Лучиано Калестини, раиси дафтари UNICEF дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин мулоқот дар мавриди масоили марбут ба иҷрои проектҳои муштараки Тоҷикистон ва UNICEF баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин дидор ҳамчунин масоили марбут ба созмондеҳии ҳамоиши кӯдакон дар чорчӯби дувумин конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баррасӣ шуд.

 

Барчасп