Афзоиши 20 дарсадии вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 31 Dec 2019 05:09:52 GMT )
Декабр 31, 2019 10:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 20 дарсадии вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон аз оғози имсол 20 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳи соли пеш афзоиш дорад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, мақомоти Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон эълом кардаанд дар ин муддат ҳудуди 1 миллион гардишгар аз Тоҷикистон боздид карданд.

Николай Сирбин мудири ширкати ғайридавлатии гардишгарии Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки дар соли 2019 Тоҷикистон пас аз Узбакистон ва Қирғизистон аз назари ҷазби гардишгари хориҷӣ дар Осиёи Миёна мақоми севвум дорад.

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари куҳистонӣ дорои ҷозибаҳои мутанавеи гардишгарӣ аст, ки бояд бо тасҳил дар дарёфти виза,коҳиши нархи чиптаи ҳавопаймо ва ҳазинаҳои хадамоти гардишгарӣ барои ҷазби бештари гардишгарон иқдом кард.

Николай Сирбин гуфт, ҳамчунин гардишгарони зиёде хоҳони ин ҳастанд, ки бо дарёфти визаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ битавонанд аз чаҳор ҷумҳурии дигари ин минтақа (ба ғайр аз Туркманистон) боздид кунанд, ки мутаассифона то кунун ин мавзӯъ ҳал нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайёми солиёна ба парлумони ин кишвар дар 26 декабри соли 2019 хостори беҳбуди вазъият, омодасозӣ ва омӯзиши нерӯҳои мавриди ниёз дар бахши гардишгарии Тоҷикистон шуд ва бар зарурати таъсиси донишкадаи хадамоти гардишгарӣ низ таъкид дошт.

Дар ҳоли ҳозир дар Тҷоикистон 200 ширкати хадамоти гардишгарӣ фаолият мекунад.