Январ 02, 2020 10:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори устондорони Суғд ва Ботканд дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Устондорони Суғд ва Ботканд дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо якдигар дидор карданд.

Устондорони Суғд ва Ботканд дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дидор ва бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба , парҳез аз хушунат ва даргирӣ ва эътимодсозӣ миёни сокинони рӯстоҳои марзии ду кишвар таъкид карданд.

 Ба нақл аз сомонаи Аки Пррес, Раҷаббой Аҳмадзода ва Акрам Муҳаммад Умаров дар ин дидор,ки дар рӯстои Оқтотири  ноҳияи Ботканд бо ҳузури масулони шаҳрҳо ва ноҳияҳои марзии устонҳои Суғд ва Ботканд баргузор шуд хостори поён додан ба муноқишаҳои марзӣ ва тасриъ дар аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон шуданд.

Дар ин дидор ҳамчунин таъкид шуд,ки бо иттилоърасонӣ аз музокираҳои мақомоти ду кишвар дар бораи минтақаҳои марзии аломатгузорӣ нашуда, сокинони бумии ин минтақаро аз иқдомоти анҷомшуда огоҳ кунанд то битавонанд ҳарчи зудтар ба тафоҳуми муштарак бирасанд.

Бовуҷуди музокираҳои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштараки 720 киллометрии ду кишвар дар 25 соли гузашта фақат 520 киллометр аз ин хатти марзӣ аломатгузорӣ шудааст.

Таъйин нашудани хатҳои марзии ду кишвар, даргири ва танишҳои зиёдеро байни сокинони вилояти Суғд ва Ботканд ба иллати мушахас нашудани мизони истифода аз манбаъи об, роҳҳои иртиботӣ ва чарогоҳҳо эҷод кардааст.