Январ 02, 2020 10:59 Asia/Dushanbe
  • Таҳдид ба марги як тоҷик дар Русия аз суи ҳамватанонаш

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз суи ҳамватанонаш,ки муддаъианд онҳоро дар масалаи молӣ фиреб додааст, таҳдид ба марг шуд.

Сомонаи Ахбор, аз дастрасӣ ба видиое хабар додааст,ки дар он, тасвири ин тоҷик дида мешавад,ки ба дасти ҳамватанонаш гирифтор шудааст.

Ахбор ҳувияти ин фардро мушахас карда,ки  Муҳаммаднабӣ Камолови, 31 сола ва зодаи маҳалаи Қазоқони шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад Камолов мулақаб ба Қорӣ дар изои ваъдаи гирифтани визаи Аврупо барои ҳамватанонаш маблағҳои калоне аз онҳо дарёфт карда аммо натавонистааст ба ваъдаҳояш амал кунад. Молбохтагон низ Қориро ба дом андохтанд ва Ӯ телефонӣ аз ошноёнаш мехоҳад бо ҷамъоварии маблағҳои мавриди назар талабкоронаш Ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳануз дар баробари ин видио вокунише нишон надодаанд.

Ончи равшан аст дар солҳои ахир чандин маврид аз тасвияҳисобҳои худсаронаи шахсӣ миёни муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар Русия рух додааст.

Бар асоси қонуни ҷории Тоҷикистон ин гуна эъмол ҷурми телефонӣ мешавад ва муҷозоти кайфариро дар пай дорад.