Марги машкуки пулис дар Тоҷикистон
Як корманди пулиси Тоҷикистон дирӯз ба таври машкуке кушта шуд.
Ба нақл аз манобеи хабарии маҳалие,ки мақомот марги Дилшодҷон Аҳлиддинов дар шаҳристони Лахшро худкушӣ бо шилики ду гулула эълом карданд,аммо бастагон аввалин мавзуъро қабул надоранд.
Дар ҳамин замина Манучеҳр Аҳлиддинов, бародари пулиси кушта шуда,ки дар Русия зиндагӣ мекунад гуфт,ки Дилшодҷон дар зиндагии шахсӣ ва аз назари молӣ мушкиле надошт, бинобар ин худкушии Ӯ боваркарданӣ нест.
Бо ин ҳол мақомоти давлатии Тоҷикистон аз оғози таҳқиқи иллати марги ин корманди собиқи пулис хабар додаанд.
Дилшодҷон Аҳлиддинов дар замони марг 32 сол дошта ва ду фарзанд дорад.
Ин барои нахустинбор нест,ки кормандони сохторҳои низомӣ ва ҳукуматии Тоҷикистон ба таври машкук кушта мешаванд ва ё худкушӣ мекунанд.