Январ 03, 2020 21:50 Asia/Dushanbe
  • Сафари намояндаи Вазорати хориҷаи Амрико ба Тоҷикистон

Муовини аввали дастёри Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзҳои 6-7 январ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Ба гузориши “Форс”, дар сафари муовини аввали дастёри вазири умури хориҷаи Амрико ба Тоҷикистон дурнамои равобити Вашингтон ва Душанбе баҳсу баррасӣ мешавад.

Эллис Уэлс дар Душанбе бо намояндагони давлати Тоҷикистон мулоқот ва масоили марбут ба таъмиқи ҳамкорӣ дар ҳавзаи амнияти минтақаӣ, густариши иртибототи иқтисодӣ, энержӣ ва башардӯстона миёни ду кишварро баррасӣ мекунад.

Масоили марбут ба ҳамкории ду тараф барои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон ва таъмини амният дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи ду тараф қарор хоҳад гирифт.

Эллис Уэлс муовини аввали дастёри вазорати умури хориҷаи Амрико аст ва масъулияти равобити Амрико бо кишварҳои Осиёи ҷанубӣ ва марказиро бар ӯҳда дорад.

 

 

 

 

Барчасп