Интишори китоби иқтисоддонони тоҷик дар Олмон
(last modified Mon, 06 Jan 2020 04:55:03 GMT )
Январ 06, 2020 09:55 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби иқтисоддонони тоҷик дар Олмон

Интишороти Ламберт дар Олмон китоби ду донишманди иқтисоддони тоҷикро мунташир кард, ки бо истиқболи маҳофили донишгоҳии ин кишвар ру ба ру шудааст.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Ҳоҷимуҳаммад Умаров  ва Фттоҳ Азизов ду иқтисоддони тоҷик нависандагони китоби "бахши кишоварзии Тоҷикистон: аз давраи интиқолӣ то рушди пойдор" ҳастанд, ки ахиран ба забони олмонӣ мунташир шудааст.

Дар ин китоб дар бораи вижагиҳои бахши кишоварзии Тоҷикистон, марокизи илмӣ ва донишгоҳии дорои риштаҳои кишоварзӣ, зарфият ва имконот, шароити иқлимӣ ва роҳҳои рушди тавлиди маҳсулоти ғизоии мавриди ниёзи мардуми Тоҷикистон иттилооти зиёде ироа шудааст.

Ҳамчунин хонандаи ин китоб метавонад иттилооте дар бораи фаолияти ин ду донишманд дар марказҳои илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикитсон ва осори онон, ки ба забонҳои русӣ, олмонӣ ва англисӣ мунташир шудааст, касб кунад.

Гуфта мешавад Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва Фттоҳ Азизов ду иқтисоддони тоҷик бар асоси радабандии соли 2019 дар радифи 200 ҳазор донишманди ҷаҳон, ки китобҳои худро ба забонҳои мухталиф мунташир кардаанд, қарор гирифтаанд.