Январ 06, 2020 10:25 Asia/Dushanbe
  • Муофияти андоз ва гумруки воридоти гул ва дарахтони тазъинӣ дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муофияти андоз ва гумруки воридоти 83 ҳазору 289 шоха гул ва дарахтони тазъинӣ ба арзиши молии 25 миллион ва 300 ҳазор сомонӣ мувофиқат кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Карим Гулмуродзода муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи тарҳи муофияти андоз ва гумруки воридоти гул ва дарахтони тазъинӣ ба ин кишвар гуфтааст, ки ширкати воридкунанда акнун метавонад аз пардохти 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ андози гумрук ва 4 миллиону 600 ҳазор сомонӣ андоз муоф шавад.

Вай таъкид кардааст ин теъдод гулу дарахтони тазъинӣ барои коштан дар сохтмонҳои Қасри миллат, маҷмуаи меҳмонсароҳои Дафтари раёсат ҷумҳурӣ, Боғи миллӣ, шаҳрдории Душанбе, Кохи фарҳанги ноҳияи Данғара, Боғи Куруши кабир, маркази тафриҳии Хуррамшаҳр ва масҷиди Ҷомеи нави пойтахти Тоҷикистон ва дигар марокизи давлатӣ ва иҷтимоӣ истифода хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ бо ин пешниҳод мувофиқат кард ва акнун ширкати воридкунандаи ин теъдод аз гулу дарахтони тазъинӣ аз ин таслиҳоти андозӣ ва гумрукӣ бархурдор шудааст.

Барои таъмини иҷрои ин мусавваба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ислоҳияеро ба қонуни будҷаи ҳукумати ин кишвар барои соли 2020 ворид кардааст.