Ширкати Ҳизби сотсиал демократ бо 8 довталаб дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49772-Ширкати_Ҳизби_сотсиал_демократ_бо_8_довталаб_дар_интихоботи_парлумонии_Тоҷикистон
Масъулони Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон эълом карданд, бо 8 довталаб дар интихоботи парлумонӣ ширкат мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 07, 2020 07:35 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Ҳизби сотсиал демократ бо 8 довталаб дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон

Масъулони Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон эълом карданд, бо 8 довталаб дар интихоботи парлумонӣ ширкат мекунанд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Шокирҷон Ҳакимов муовини раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон гуфт, дар нишасти ахири ин ҳизб тасмим гирифта шуд, ки бо 8 довталаб дар интихобот ширкат кунанд.

Пеш аз ин мақомоти ин ҳизб эълом карда буданд, ки дар сурате дар интихобот ширкат мекунанд, ки қонуни марбут ба пардохти 5 ҳазору 800 сомонӣ барои номнависии ҳар довталаби интихобот бекор шавад.

Раҳматуллоҳ Зоиров раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури ин кишвар ду бор дархост карда буд, ки ин банд аз қонунро лағв кунад.

Ҳамчунин вай муътақид буд, ки дар сурати баргузории интихоботи шафоф ва озоди парлумонӣ 5 нафар аз довталабони ин ҳизб дар интихобот пирӯз мешаванд.

Мақомоти ин ҳизб мавзӯи барномаҳои интихоботии худро рушди ҷомеаи маданӣ, таҳкими ниҳодҳои демократик ва барқарории адолати иҷтимоӣ эълом мекунанд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамзамон бо шуроҳои маҳаллӣ дар ду ҳавзаи воҳиди ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсӣ дар таърихи аввали марти соли 2020 баргузор мешавад.