Шодӣ Шабдолов: Ҷанг бо Эрон поёни Амрико хоҳад буд
(last modified Tue, 07 Jan 2020 13:53:07 GMT )
Январ 07, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Шодӣ Шабдолов: Ҷанг бо Эрон поёни Амрико хоҳад буд

Шахсияти сиёсии тоҷик муътақид аст, ки дар сурати бурузи ҷанг миёни Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ин набард мӯҷиби нобудии Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, Шодӣ Шабдолов бо ишора ба иқдоми Амрико дар ба шаҳодат расондани сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба фармони Доналд Трамп дар Ироқ гуфтааст, ки раисҷумҳури феълии Амрико ҳамонанди фарди девона рафтор мекунад, ки дар бораи авоқиби амалкарди хеш андеша намекунад. Вай таъкид кардааст, ки таҳдидҳои Доналд Трамп алайҳи Эрон ба ин маънӣ аст, ки вай аз тавони низомӣ ва иқтисодии ҷумҳурии исломӣ аслан иттилоъ надорад ва ҳар гуна моҷароҷӯӣ дар қиболи Теҳрон ба маънии нобудии Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд. Аз дидгоҳи Шабдолов, Эрон имрӯз ҳатто бидуни доштани таслиҳоти ҳастаӣ метавонад дар баробари ҳар навъ иқдоми низомии Амрико мақобила кунад ва таҳдиди Трамп мабнӣ бар ҳамла ба марокизи фарҳангии Эрон ба маънии девонагӣ аст, ки дар дохили Иёлоти Муттаҳида низ ҳич фарде наметавонад чунин ҳамоқатро бипазирад. Ин шахсияти сиёсии тоҷик бар ин бовар аст, ки ҳатто муттаҳидони наздики Амрико дар паймони НАТО, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ аз мавозеи ҷангталбонаи Вашингтон алайҳи Эрон ҳимоят нахоҳанд кард.

Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки умедвор аст, кор ба ҷангу даргирӣ намекашад, ки дар сурати бурузи ҳар навъ буҳрони низомӣ ҳама кишварҳо бидуни истисно дар ғарби Осиё мутаҳаммили хисороти фаровон хоҳанд шуд ва сулҳу амнияти ҷаҳон бо хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегардад.

 

Барчасп