Талоши Тоҷикистон барои коҳиши хомфурӯшии маҳсулот
(last modified Wed, 08 Jan 2020 06:05:24 GMT )
Январ 08, 2020 11:05 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои коҳиши хомфурӯшии маҳсулот

Ҳукумати Тоҷикистон ба масъулони манотиқи ин кишвар дастур додааст, барои табдил кардани маводи хом ба маҳсулот барномарезӣ кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, дар ин дастур бар зарурати афзоиши вогузории вомҳои бонкӣ ба тавлидкунандагони маҳсулот ва коҳиши мизони суди бозпардохти ин манобеи молӣ таъкид шудааст.

Аммо иқтисоддонон ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақавӣ, дар иҷрои ин барнома тардид доранд ва вуҷуди судҳои болои бозпардохти вомҳои бонкӣ, молиёти сангин, қимати гарони сӯхт ва ҳазинаҳои зиёди ҳамлу нақлро аз монеаҳои умда дар роҳи рушди содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ унвон мекунанд.

Дар айни замон на бахши хусусӣ ва на мудирони марказҳои тавлидӣ, ҳозир ба дарёфти вомҳои бонкӣ бо суди 30 дарсадии бозпардохти ин манобеи молӣ таи сол нестанд.

Ин дар ҳоле аст, ки 450 навъ маҳсулоти содиротии Тоҷикистон, 27 дарсад аз маҷмӯи тавлидоти саноатӣ ва кишоварзии ин кишварро ташкил медиҳанд.