Шеъри шоири тоҷик дар посух ба таҳдиди Амрико алайҳи Эрон
Алишод Дардошно, шоир ва пизишки маъруфи тоҷик шеъре бо унвони "Амрико, эй давлати бедодгар!" дар посух ба таҳдиди Амрико алайҳи Эрон сурудааст.
Амрико, эй давлати бедодгар,
Эй палиди қотили аҳли башар.
Фитна асли шеваву гуфтори туст,
Ҷангҷӯӣ ҳиммату кирдори туст.
Ҳар куҷо рушдест садде мешавӣ,
Ҳар низое муттасаддӣ мешавӣ.
Ҷангро дар марзи худ нодидаӣ,
Ҳамчу гургӣ аз шубон ранҷидаӣ.
Ҳар куҷое по ниҳӣ вайрон кунӣ,
Ҷаннатеро дӯзахи сӯзон кунӣ.
Дасти хунини худ аз Эрон каш,
По зи мулки ҳикмату ирфон каш.
Бим дорӣ, з-он, ки Эрон ҳаста* кард,
Муслимистон рушдҳо пайваста кард.
Худ саропо чун яроқи ҳастаӣ,
Қолаби виҷдони худ бишкастаӣ.
Ҳастаи Эрон ин ирфони ӯст,
Иттиҳоду ваҳдату имони ӯст.
Гар кушоӣ тир бар Эронзамин,
Ғарқ андар хуни худ гардӣ яқин.
Рӯҳи Рустам чун сипоҳи хоки ӯст,
Пири Тӯсӣ ҳифз бар афлоки ӯст.
Рӯҳи Ковусу Сиёвушу Куруш,
Баҳри ҳар як пора хок орад хурӯш.
Шамс сӯзонад нишону матлабат,
Бӯалӣ созад "даво" тобу табат.
Аз ғуруру ҳикмати шерозиён,
Мешавӣ бемаслаку ному нишон.
Рӯҳи пирони Аҷам кӯрат кунад,
Бемуҳобо зинда дар гӯрат кунад.
Медиҳад рӯзе ҷазоят додвар,
Амрико, эй давлати бедодгар!