Сентябр 28, 2016 10:48 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати 3 зиндонии узбак дар Тоҷикистон бо истирдод ба кишварашон

3 шаҳрванди Узбакистон, ки муддати маҳкумияти худро дар зиндонҳои Тоҷикистон ба поён расондаанд, аз дафтари намояндагии Созмони милали муттаҳид дар Душанбе хостаанд, ки аз истирдоди онон ба кишварашон ҷилавгирӣ кунад.

Ба иттилои сайти Фарғона, Шерзод Қурбонов, Нурмуҳаммад Аҷабов ва Уткар Эшонқулов, ба ҷурми узвият дар гурӯҳи террористии Ҳаракати исломии Узбакистон дар зиндонҳои Тоҷикистон будаанд ва муддати маҳкумияти онон 4 рӯз қабл ба поён расидааст .

Ин афрод тарс аз шиканҷаро иллати дархости худ эълом кардаанд .

Мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон бо тайиди ин хабар гуфтаанд, ки машғули таҳияи асноди ҳуқуқӣ барои истирдоди ин се шаҳрванди Узбакистон ба кишварашон ҳастанд .

Дилноза Худойбахшова, корманди дафтари намояндагии Комиссари олии Созмони милали муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар Душанбе низ гуфтааст, ки дархости ин афрод дар ҳоли баррасӣ аст .

Ин шаҳрвандони Узбакистон дар соли 2009 дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шудаанд .

Дар айни ҳол онон бо радди ин иттиҳомот муддиянд, ки ҳангоми боздошт пиёда роҳии сафари ҳаҷ будаанд .