Тоҷикистон дар соли 2019
Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, оғози амалиёти иҷроии пружаи КАСА1000, шуриш дар зиндони Ваҳдат, ифтитоҳи нахустин бонки исломӣ, роҳандозии 2 турбини нерӯгоҳи Роғун ва ҳамлаи ДИИШ ба посгоҳи марзӣ аз муҳимтарин руйдодҳои соли 2019 Тоҷикистон ҳастанд.
Оғози сохти бахши тоҷикии пружаи КАСА-1000: Вазорати энержӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон 6 феврал дар гузорише эълом кард, паймонкорони хориҷӣ корҳои авалияи ин пружаро оғоз карданд. Дар чорчуби ин пружа хутути интиқоли барқи 500 киловат ва истгоҳи мубаддали барқ дар нерӯгоҳи Сангтӯда эҳдос мешаванд. Корҳои муртабит тавассути ду ширкати шведӣ ва ҳиндӣ анҷом мешаванд.
Шуриш дар зиндони Ваҳдат: шоми 19 майи соли равон дар зиндони минтақаи Ваҳдат дар 10 километрии шаҳри Душанбе шурише руй дод, ки дар пайи он 3 нигаҳбон ва 29 зиндонӣ кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон раҳбари ин гуруҳи шуришӣ, писари зиндонии Гулмурод Ҳалимов-фармондеҳи собиқи полиси вижаи Тоҷикистон буда, ки 4 сол пеш ба ДИИШ пайваста буд.
Талоши хадамоти зиддиинҳисорӣ барои афзоиши нархи интернет: тасмими Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар мавриди афзоиши дубаробарии нархи интернет мардуми ин кишварро шокзада кард. Дар таърихи 22 апрел гуруҳе аз фаолон ба ҷамъоварии имзо барои дархост ба раиси ҷумҳури ин кишвар дар ҷиҳати лағви хадамоти зиддиинҳисорӣ заданд. Шоми рӯзи 23 апрел раиси ҷумҳури Тоҷикистон хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мавриди афзоиши чашмгири нархи интернетро лағв кард.
Тавофуқи Эрон ва Тоҷикистон барои такмили корҳои сохтмонӣ дар ақбаи Истиқлол: Худоёр Худоёров вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон ва Ризо Ардакониён вазири энержии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи панҷумин иҷлоси таомул ва эътимодсозии Осиё дар шаҳри Душанбе дар мавриди такмили корҳои сохтмонии ақбаи Истиқлол тавофуқ карданд. Бино бар тавофуқи тарафайн ҳар 2 тараф муваззаф шуданд барои такмили корҳои сохтмонӣ аз ҷумла насби системи таҳвияи ҳаво ва оташсӯзӣ, контроли рушаноӣ, эминии ақба ва ҳамчунин контроли трафик 4 миллион доллар ҳазина кунанд.
Нахустин бонки исломӣ: дар соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаолияти Тавҳидбонк нахустин бонки исломии ин кишварро содир кард. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, эҷоди ин бонк саҳифаи наве дар системи бонкии Тоҷикистон буда ва муҷиби ҷазби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамчунин ифтитоҳи бонкҳои нав хоҳад шуд, ки мутобиқи бонкдории исломӣ фаолият хоҳанд кард.
Тадовуми даргириҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон: даргирӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2019 идома ёфт. Дар моҳҳои март, июн ва сентябри соли равон миёни сокинони минтақаҳои марзии 2 кишвар даргириҳое ба вуқуъ пайваст, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз ашхос аз ҳар 2 тараф шуд. Далели даргириҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон адами таъин ва нишонагузории бахши зиёде аз марзи миёни 2 кишвар унвон мешавад, ки 976 километр тул дорад ва то кунун танҳо 504 километр аз он таъин ва нишонгузорӣ шудааст.
Баргузории размоиши "Стратегии марказ-2019" бо ҳузури 8 кишвар: рӯзҳои 16 то 21 сентябр дар қаламрави Тоҷикистон бо ҳузури низомиёни узбак, рус, қазоқ, тоҷик, қирғиз, чинӣ, ҳиндӣ ва покистонӣ размоиши муштараки "Сентер 2019" баргузор шуд. Воҳидҳои низомии кишварҳои мазкур дар ин размоиш ҳалу фасли муштараки масоили марбут ба мубориза бо терроризми байналмиллалӣ дар Осиёи Марказиро тамрин карданд.
Роҳандозии дуввумин турбини нерӯгоҳи оби барқии Роғун: дуввумин турбини нерӯгоҳи оби барқии Роғун субҳи рӯзи 9 сентябр, ҳамзамон бо Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Бар асоси барномаи давлати Тоҷикистон севвумин турбини ин нерӯгоҳ дар соли 2024 роҳандозӣ хоҳад шуд.
Душанбе пойтахти гардишгарии ЭКО: дар ҷараёни севвумин ҷаласаи вазирони гардишгарии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар Хуҷанди Тоҷикистон баргузор шуд, шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти гардишгарии кишварҳои ЭКО барои солҳои 2020-2021 интихоб шуд.
Авфи беш аз 20 ҳазор зиндонӣ: Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2019 ба муносибати бисту панҷумин солгарди Қонуни асосӣ тарҳи нави авфи зиндониёнро имзо кард. Ин қонун барои 20 ҳазор нафар аз ҷумла занон, ашхоси зери синни 18 сол, маълулон ва шаҳрвандони хориҷӣ иҷро мешавад.
Ҳамлаи ДИИШ ба як посгоҳи марзии Тоҷикистон: Ниҳоди марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр аз ҳамлаи мусаллаҳонаи як гуруҳи мусаллаҳи ношиноси 20 нафара ба посгоҳи марзии рақами 4 Ишқобод воҳиди марзбонии Султонободи ин кишвар хабар дод. Бино бар гузоришҳо, дар паи ин ҳамла 15 нафар аз аъзои ин гуруҳ аз байн рафтанд ва панҷ нафари дигар дастгир шуданд. Гуруҳи террористии ДИИШ бо интишори баёнияе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт ва муддаӣ шуд, ки дар ин ҳамла 10 низомии тоҷик кушта шуданд. Расонаҳои Тоҷикистон теъдоди қурбониёни ин ҳамлаи хунин аз тарафи тоҷикиро ҳудуди 5 нафар эълом карданд.
Истиқрори сомонаи С-300 Русия дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон: Русия бузургтарин пойгоҳи ниомии худ дар хориҷ аз ин кишвар воқеъ дар Тоҷикистон ҳамҷавор бо Афғонистонро барои аввалин бор бо сомонаи мушакии зидди ҳавоии С-300 муҷаҳҳаз кард. Вазифаҳои аслии ин муҷтамаи низомӣ пушиши имконоти пойгоҳи низомии 201 Русия аз ҳамалоти ҳавоӣ ва фазоӣ ва ҳамчунин дифои ҳавоӣ аз минтақаи Осиёи Марказии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ҳамроҳ бо нерӯҳои мусаллаҳи тоҷик унвон шудааст.Сергей Шойгу вазири дифои Русия ахиран масъалаи интиқоли эҳтимолии системи мушакии зидди ҳавоии ин кишвар ба нерӯҳои мусаллаҳи тоҷикро матраҳ кард.