Январ 13, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Имсол дар Тоҷикистон 23 тарҳ иҷроӣ мешавад

Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, имсол иҷрои 23 тарҳ дар бахшҳои мухталиф дар ин ҷумҳурӣ оғоз мешавад.

Ба гузориши Форс, ин тарҳҳо дар бахшҳои ҳамлу нақл, беҳдошт, энержӣ ва кишоварзӣ аст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин эълом карданд, барои иҷроӣ кардани ин теъдод тарҳ ҳудуди 4 миллиард сомонӣ (392 миллион доллар) баровард шудааст.

Бинобар додаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон ҳамакнун дар ин кишвар 66 тарҳ дар бахшҳои навсозии таъсисоти энержӣ, бозсозии ҷодаҳо, таъмини оби ошомиданӣ бо сармоягузории давлатии 32 миллиард сомонӣ (3 миллиард доллар) дар дасти иҷро аст. Бештари ин тарҳҳо аз дарёфти вом ва кумакҳои билоивази муассисоти молии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Рушди Осиё, Бонки Тавсеаи Исломӣ, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа, Сандуқи ОПЕК ва Эксимбонки Чин иҷроӣ шудааст.