Январ 13, 2020 19:34 Asia/Dushanbe
  • Суханронии намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ

Намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ аз тамоми кишварҳо хост то барои ҳалли мусолиматомези танишҳо дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, бавижа Осёи Ғарбӣ талоши бештаре кунанд.

Ба гузориши Форс, Муҳаммадамин Муҳаммадаминов, намояндаи доими Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ бо мавзӯи “Посдории Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ” ширкат ва суханронӣ кард.

Муҳаммадаминов дар ин ҷаласа мавзеи Душанбе дар робита ба таҳдид ва чолишҳои феълиро эълом кард.

Вай аз тамоми тарафҳо хост то барои ҳалли мусолиматомези танишҳои ҷорӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, бавижа Осёи Ғарбӣ талоши бештаре кунанд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо истинод ба лузуми анҷоми иқдомоти ҳамоҳанг ва тақвияти ҳамкории минтақаии кишварҳои узви ин созмон бар аҳаммияти бунёди меъёр ва усули Ойинномаи СММ дар равобити байналмилалӣ таъкид кард.