Январ 14, 2020 09:57 Asia/Dushanbe
  • Нигаҳдории 7 ҳазор зиндонии тоҷик дар зиндонҳои Русия

Созмони Федератсияи умури зиндонҳои Русия аз нигаҳдории 7 ҳазор зиндонии тоҷик дар зиндонҳои ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Тос, ҳамакнун дар зиндонҳои Русия 27 ҳазор зиндонии хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки ҳафт ҳазор нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти Созмони зиндонҳои Русия шаҳрвандони тоҷик, ки дар зиндонҳо давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, аз тариқи системи вижаи иртиботӣ номаҳои наздикони худро дарёфт ва ба онон посух медиҳанд.

Александер Палкин-мудири системи вижаи иртиботии Созмони зиндонҳои Русия таъкид кард, ки дар рӯзҳои соли нав зиндониён дар Русия 135 ҳазор нома дарёфт карданд.

Мақомоти қазоии Русия эълом карданд, 90 дарсад аз шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла тоҷикон дар зиндонҳои ин кишвар ба ҷурми қочоқи маводи мухадир, қатл, иртибот бо гуруҳҳои террористӣ, сирқат ва ҷурмҳои ахлоқӣ маҳкум шуданд.

Генерал Владимир Калаколтсов вазири кишвари Русия дар нишасти солонаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе дар соли 2019 гуфта буд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамасола дар Русия муртакиби шаш ҳазор ҷурм мешаванд.