Январ 14, 2020 10:51 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи наваду севвуми Тоҷикистон дар рутбабандии ҷаҳонии амнияти ғизоӣ

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти ғизоӣ дар миёни 113 кишвари ҷаҳон дар ҷойгоҳи наваду севвум қарор гирифт.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, ин радабандӣ ҳамасола аз сӯи маҷалаи Экономисти Британия дар бораи шохиси амнияти ғизоӣ дар кишварҳои ҷаҳон таҳия мешавад, ки бар асоси тозатарин оморҳо Тоҷикистон дар соли 2019 дар миёни 113 кишвари ҷаҳон дар ҷойгоҳи 93 қарор гирифт.

Дар ин радабандӣ ҳамчунин дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон мақоми 48 ва Узбакистон мақоми 71-ро касб кард.

Дар ин гузориш шохиси амнияти ғизоӣ дар ду кишвари Туркманистон ва Қазоқистон баррасӣ нашудааст.

Пажуҳишҳо дар ин замина аз сӯи маҷалаи Экономисти Британия аз соли 2012 оғоз шуда ва шохиси амнияти ғизоии кишварҳои мухталифи ҷаҳонро баррасӣ мекунад.

Дастрасии осони мардум ба маводи ғизоӣ, таркиботи муфиди маҳсулот ва сифат ва амнияти ғизоӣ аз ҷумла меъёрҳои ин радабандӣ будааст.

Сингапур, Ирландия, Амрико,Австрия, Шведсия, Шведсария, Норвегия, Канада ва Финландия 10 кишвари аввали ин радабандӣ ҳастанд.