Коммисиюни вижаи ҳукуматӣ омодагии ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Душанберо баррасӣ мекунад
(last modified Tue, 14 Jan 2020 07:30:21 GMT )
Январ 14, 2020 12:30 Asia/Dushanbe
  • Коммисиюни вижаи ҳукуматӣ омодагии ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Душанберо баррасӣ мекунад

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастури таъсиси коммисиюни вижаи ҳукуматӣ барои баррасии омодагии ифтитоҳи бузургтарин масҷиди ҷомеи шаҳри Душанберо имзо кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, ин коммисиюн бояд омодагии бузургтарин масҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе барои ифтитоҳро баррасӣ ва ба ҳукумати Тоҷикистон гузориш ироа кунад.

Қарор буд ин масҷид дар моҳи сентябри соли 2019 ба муносибати бисту ҳаштумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ифтитоҳ шавад, аммо ин маросим ба замони дигаре вогузор шуд.

Мақомоти Тоҷикистон таъхир дар ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанберо дархости амири Қатар барои ширкат дар ин маросим унвон  мекунанд.

Санги бинои ин масҷид дар октябри соли 2009 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати ҳазору сесаду даҳумин солгарди имом Абуҳанифа бунёнгузори мазҳаби Ҳанифа гузошта шуд, аммо сохти ин масҷид ду сол баъд дар октябри соли 2011 оғоз шуд.

Ҳазинаи сохти ин масҷиди се гегтарӣ бо гунҷоиши сад ҳазор намозгузор ҳудуди 100 миллион доллар эълом шуда, ки 30 миллион доллари онро давлати Тоҷикистон ва бақияро давлати Қатар қабул кардааст.

Масҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе яке аз бошукуҳтарин биноҳои меъмории Тоҷикистон ва ҳамчунин бузургтарин макони мазҳабӣ аст, ки дар солҳои истиқлоли ин кишвар сохта шудааст.