Январ 15, 2020 10:35 Asia/Dushanbe
  • Гилояи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз боҷгирии даллолони кор

Коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ширкати таъсисоти ҳастаии Русия дар шаҳри Екатеринбург, аз ин, ки ҳар моҳ 10 дарсад ба фарди даллол (миёнарав) боҷ пардохт мекунанд, шикоят кардаанд.

Ба нарқл аз сомонаи Top Tj, ин коргарон гуфтаанд, ки фарди тоҷикистонӣ, ки онҳоро барои кор ба ин ширкат муаррифӣ мекунад, ҳар моҳ барои хадамоти худ аз онҳо 10 дарсад ҳаққуззаҳма дарёфт мекунад.

Гуфта мешавад, ки ҳуқуқи моҳонаи коргарони муҳоҷири тоқик дар ин ширкати русӣ байни 50 то 80 ҳазор рубл аст, ки фарде ба номи Субҳон Раҳимов, ки аз вай ба унвони воситаи истихдоми ин коргарон ёд мешавад, аз ҳар як аз онон моҳе 5 то 8 ҳазор рубл боҷ мегирад.

Дар ин ширкати русӣ беш аз ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик фаъолият мекунанд.

Субҳон Раҳимов мегӯяд, ки 20 сол аст дар ин ширкати сохтмонсозӣ фаъолият мекунад ва ӯ ба унвони масъули муаррифии коргарони муҳоҷири хориҷӣ, маблағи дарёфтӣ аз ин афродро барои дарёфти муҷаввиз, таҳияи дафтарчаи бимаи дармонӣ ва асноди мавриди ниёзи онҳо ҳазина мекунад.

Аз сӯи дигар, Каримҷон Ёров, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Русия, дарёфти ин мизон саҳм аз сӯи афроди воситаро дар ин кишвар тасдиқ мекунад.

 

 

Барчасп