Январ 16, 2020 10:28 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби сохти 5 мадрасаи русӣ дар парлумони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тафоҳумномаи сохти 5 мадрасаи русизабонро дар ин кишвар тасвиб кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , ҳаркадом аз ин мактабҳо зарфияти 1 ҳазору 200 донишомӯзро дорад.

Ҳазинаи сохт ва таҷҳизи ин теъдоди мактаб, дар шазрҳои Душанбе , Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаро Вазорати улум ва омузиши Русия таъмин мекунад.

Маҷлиси думаи давлатии Русия тафоҳумномаи сохти 5 мактаби русизабон дар Тоҷикистонро соли 2019 тасвиб кард ва 6 миллиард рубл низ барои иҷроии ин тарҳҳо ихтисос дод.

 Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт ; 400 муалими русзабон ҳам барои тадрис дар ин 5 мактаб ниёз аст.

Ӯ гуфт ; Русия наметавонад ин теъдод муалимро ба Тоҷикистон эъзом кунад ва кадрҳои омӯзишии мактабҳо бояд дар дохили кишвар истихдом шаванд.

Раҳматуллоҳ Мирбобоев муовини вазири улум ва маорифи Тоҷикистон ҳам таъкид кард, дар донишгоҳи муштараки ин кишвар ва Русия марҳалаи омодасозӣ ва омӯзиши муалимони риштаҳои физик, химия, математика ва улуми таҷрибӣ оғоз шудааст.