Январ 16, 2020 13:05 Asia/Dushanbe
  • Эътирози бесобиқаи ронандаҳои таксӣ дар Хуҷанд

Дар иқдоми бесобиқа гурӯҳе аз ронандаҳои таксӣ дар шаҳри Хуҷанд , маркази устони Суғд дар шимоли Тоҷикистон даст ба эътироз заданд.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона, ин ронандагон ,ки барои ширкати русии Максим кор мекунанд ва рӯзи гузашта бо таҷамуъ муқобили дафтари ин ширкат нисбат ба коҳиши таърифаи хидмат ба мусофирон эътироз карданд.

 Ронандагони муътаризи Хуҷандӣ мегуянд коҳиши таърифа аз 9 сомонӣ ( 93 сент ) ба 8 сомони ( 83 сент ) ба зарари онҳо тамом мешавад,лизо хостори барқарории таърифаи пешин ҳастанд.

 Муътаризон муддаианд ахиран Ширкати русии Максим ,ки молики бахше аз хадамоти таксиронӣ дар шаҳри Хуҷанд аст дар ростои рақобат бо дигар ширкатҳои таксиронӣ ба коҳиши таърифаи хадамот ба мусофирон иқдом карда аст, аммо масулони Ширкат ин иддаоро рад карда ва бурузи ин мушкил барои ронандагонро вобаста ба навоқиси фаннӣ эълом кардаанд.

Эътирозҳои дастаҷамъӣ тавассути коргарон ва кормандон дар Тоҷикистон як амри ғайри маъмул шинохта шуда ва бо дахолати маъмурони ҳукуматӣ рӯ ба рӯ мешавад.