Январ 18, 2020 10:05 Asia/Dushanbe
  • Муарифии довталабони ширкат дар интихоботи 7 Ҳизби сиёсии фаол дар Тоҷикистон

7 Ҳизби сиёсии фаол дар Тоҷикистон 70 довталабро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи воҳиди аҳзоб пешниҳод кардаанд.

Ба нақл аз Тоб Ти Ҷи , Мағфират Хидирзода корманди дафтари камисиюни маркази интихоботи Тоҷикистон гуфтааст ,ки бештарини шумори номзадҳоро Ҳизби ҳокими Халқӣ Демократ пешниҳод кардааст ва ин раванд то рӯзи 9 феврали имсол идома дорад.

Вай таъкид кардааст 32 дар сад аз 70 номзади муарифишуда аз суи аҳзоби сиёсӣ занон ҳастанд.

Мағфират Хидирзода дар айни ҳол гуфт ,ки теъдоди номзадҳои ироа шуда дар ҳавзаҳои инфиродӣ ҳануз мушахас нест.

Бар асоси қонуни интихоботи парлумонии Тоҷикистон ,райдиҳандагон бояд рӯзи аввали моҳи март ду баргаро такмил кунанд ,ки яке феҳристи номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ва дуввуми асомии номзадҳо дар ҳавзаҳои инфиродӣ аст.

Бештари масулони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон монеи умда дар масири ироаи феҳристи номзадҳо ва сабти номи ононро маблағи пули гарави медонанд,ки барои ҳар фард 5 ҳазору 800 сомонӣ ( муодили 600 доллар ) аст ва дар сурати нокомии номзадҳо , ин маблағ ба онон бозгардонда намешавад.