Барномаи имсоли Тоҷикистон барои тавсиаи бахши беҳдошт
(last modified Sat, 18 Jan 2020 10:10:30 GMT )
Январ 18, 2020 15:10 Asia/Dushanbe
  • Барномаи имсоли Тоҷикистон барои тавсиаи бахши беҳдошт

Давлати Тоҷикистон имсол барои тавсиаи бахши беҳдошти ин кишвар беш аз 2 миллиард сомонӣ ҳазина мекунад.

Ба нақл аз Форс ,бино бар эъломи мақомоти Вазорати беҳдошти Тоҷикистон афзоиши сармоягузории ин бахш дар муқоиса бо соли 2019 милодӣ 6 дар сад бештар хоҳад буд.

Имсол 7 дар сад аз кули будҷаи давлати Тоҷикистон , ҳудуди 190 миллион доллар барои тавсиаи бахши пизишкӣ ва беҳдоштии ин кишвар ҳазина хоҳад шуд.

Дар солҳои 2018 -2019 милодӣ Тоҷикистон 230 нави таҷҳизоти пизишкӣ, дорусозӣ ва фановариҳои нав барои тавлиди дору ба арзиши 950 миллион сомонӣ ворид кардааст.

Ҳмчунин 15ғ дастгоҳи ёрии таъҷилӣ ва васоили нақлияи тахусусӣ барои муасисаҳои беҳдоштӣ ва дармонии шаҳр ва минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон харидорӣ шудааст.

Пеш аз ин давлати Тоҷикистон Вазорати беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоии ин кишварро ба афзоиши кантроли фаолияти муасисаҳои беҳдоштӣ, иртиқоъ ва беҳбуди кайфияти хадамот ва баргузории давраҳои бозомӯзӣ мувазаф карда буд.