Кумаки полиси Маскав ба зани ҳомиладори тоҷикистонӣ
Ду полиси роҳнамоӣ ва ронандагии Маскав бо вуҷуди трафик дар хиёбон як зани ҳомиладори тоҷикро сари вақт ба бемористон расонданд.
Ба нақл аз сомонаи шабакаи телевизионии Мир, Сергей Ятсианко ва Димитрӣ Лияхов ду полиси роҳнамоӣ ва ронандагии Маскав бо мушоҳидаи вазъияти ҷисмонии як зани ҳомилаи тоҷики сокини Русия, ки дар остонаи таваллуди кудак буд, ӯ ва ҳамсарашро бо худрави полис сари вақт ба бемористон расонданд.
Ин хонаводаи тоҷик эълом кард, ки кумаки сари вақти ду полиси роҳнамоӣ ва ронандагии Маскав боис шуд, ки онон ба саломат аз трафик убур кунанд ва духтарашон ба мавқеъ ва солим дар бемористон таваллуд шавад.
Ин ду полис пас аз гузашти ду рӯз бо гул ва ширинӣ барои табрики ба дунё омадани навзоди ин хонаводаи тоҷикистонӣ, дар бемористон аз ин зани тоҷик аёдат карданд.
Дар шароите, ки дар бештари мавридҳо, полиси Русия дар бархурд бо коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла тоҷикҳо рафторе хашин ва бад дорад, гузориши шабакаи телевизионии Мир бо вокунишҳои густардае ру ба ру шудааст ва корбарон аз рафтори ҷавонмардонаи ин ду полиси рус барои кумак ба ин коргари муҳоҷири тоҷик ташаккур карданд.