Боздошти севвумин маъмури полис дар Тоҷикистон ба иттиҳоми шиканҷа
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i50137-Боздошти_севвумин_маъмури_полис_дар_Тоҷикистон_ба_иттиҳоми_шиканҷа
Як корманди полиси ноҳияи Турсунзода ба иттиҳоми шиканҷаи сокини ин минтақа дар маҳалли Додгоҳи олии Тоҷикистон боздошт шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 20, 2020 07:12 Asia/Dushanbe
  • Боздошти севвумин маъмури полис дар Тоҷикистон ба иттиҳоми шиканҷа

Як корманди полиси ноҳияи Турсунзода ба иттиҳоми шиканҷаи сокини ин минтақа дар маҳалли Додгоҳи олии Тоҷикистон боздошт шуд.

Ба нақл аз ТопТҶ, Эраҷ Наъимов севвумин корманди полис аз ин ноҳия аст, ки дар иртибот бо шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоров сокини 36 солаи ноҳияи Турсунзода боздошт шудааст.

Вакилони мудофеи Ҳасан Ёдгоров, ки ба иттиҳоми қатли як сокини ноҳияи Турсунзода ба муддати ҳашт моҳ дар боздошт буд, аз шиканҷа шудани мувакилашон тавассути се корманди полиси ин минтақа шикоят кардаанд, ки муҷиби боздошти ин се маъмури полис шудааст.

Ҳасан Ёдгоров таъкид кардааст ҳеҷ иртиботе бо ин ҳодиса надошта ва таҳти шиканҷаи шадид аз ҷумла истифода аз барқ ба иҷбор иттиҳоми қатлро пазируфта ва баъдан таҳқиқот нишон дода, ки вай дар ин моҷаро мушорикат надоштааст.

Қотили воқеӣ баъдан боздошт ва ба 21 сол зиндон маҳкум шуд.

Бо шикояти Ҳасан Ёдгоров акнун се маъмури полиси ноҳияи Турсунзода дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми шиканҷаи вай дар ҳоли муҳокима қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки як созмони ғайридавлатӣ аст, аз дарёфти 246 маврид шикоят аз сӯи шаҳрвандони ин кишвар мабнӣ бар шиканҷа шудан тавассути кормандони полис таи панҷ соли ахир хабар додааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд барои ташдиди муҷозоти ашхоси шиканҷагар иқдом ба ислоҳи қонуни ҷиноии ин кишвар дар моҳи октябри соли 2019 кардаанд.

Акнун ашхоси муттаҳам дар шиканҷаи боздоштгудагон аз 2 то 15 сол ба зиндон ва ё пардохти 15 то 20 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум мешаванд.