Январ 20, 2020 16:54 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 4 миллион тон сементи соли гузашта дар Тоҷикстон

Вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон эълом кард, порсол тавлиди семент дар ин кишвар нисбат муддати мушобеҳи соли қабл 400 ҳазор тон афзоиш доштааст.

Ба гузориши Форс, дар соли 201 ҳудуди 1миллиону 600 ҳазор тон аз сементи тавлид шуда ба кишварҳои ҳамсоя содир шуда, ки дар муқоиса бо соли қабл 150 ҳазор тон бештар аст.

Тоҷикистон дар ин муддат ба Узбакистон 890 ҳазор тон, Афғонистон 576 ҳазор тон ва Қирғизистон 81 ҳазор тон семент ба арзиши 69 миллиондоллар содир кардааст.

Тавлидкунандагони аслии семент дар Тоҷикистон 3 ширкати муштараки тоҷикӣ ва чинии “Чжунгтсай Моҳир семент”, “Хуаксин Ғаюр Семент” ва "Хуаксин Ғаюр - Суғд-семент", ҳастанд, ки ҳудуди 90 дарсад семент дар ин кишварро тавлид мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 18 корхонаи тавлиди семент фаъол аст, ки дар оянда қарор аст, теъдоди онҳо бештар шавад.