Январ 21, 2020 10:30 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ду тарҳи сармоягузории хориҷӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ду тарҳи сармоягузории хориҷиро баррасӣ мекунанд.

Ба нақл аз сомонаи Авсето, ин ду тарҳи 51 миллион долларии сармоягузорӣ барои бозсозии роҳи Душанбе-Бохтар ва сохти корхонаи муштараки тавлиди лавозими хонагӣ аст.

Гуфта мешавад давлати Жопон барои бозсозии роҳи Душанбе-Бохтар 31 миллион доллар кумаки билоиваз ихтисос додааст, ҳадаф аз иҷрои ин тарҳ, таъмини амнияти ҳамлу нақли ҷоддаӣ дар ин масири муҳим дар ҷануби Тоҷикистон эълом шуда, ки то марзи Афғонистон идома дорад.

Ҳамчунин дар ин тарҳ, роҳи Душанбе-Бохтар аз минтақаи Қизилқалъа то маркази вилояти Хатлон бозсозӣ ва тармим мешавад ва дигар қисматҳои масири Бохтар то минтақаи Панҷи поён, ки нуқтаи сифри марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аст ҳам ба таври ҳамзамон тармим хоҳад шуд.

Тарҳи дуввуми тафоҳумномаи сохти корхонаи муштарак миёни ду ширкати тоҷикистонӣ ва узбакистонӣ бо сармоягузории 20 миллион доллар аст, ки бо баҳрабардорӣ аз ин корхона 43 навъ лавозими хонагӣ тавлид мешавад.