Январ 21, 2020 15:09 Asia/Dushanbe
  • Пуршӯр шудани фазои интихоботии Тоҷикистон бо таиди салоҳияти довталабон

Бо таиди салоҳияти довталабони ширкаткунанда дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон фазои рақобатҳои интихоботӣ дар ин кишвар пуршӯр шудааст.

Ба нақл аз ИРНО, расонаҳои маҳаллӣ, салоҳияти рӯйхатти номзадҳои Ҳизби халқи демократ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби комунист, Ҳизби демократик, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал демократ барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таиди Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон расид.

Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон гуфтанд, ҳафт ҳизби сиёсӣ номзадии 70 нафарро пешниҳод карданд, ки беш аз 32 дарсади онон занон ҳастанд.

Гузоришҳои манобеи хабарӣ  аз он ҳикоят дорад, ки бештарин номзадҳо аз сӯи Ҳизби ҳокими халқи демократик пешниҳод шудааст.

Бар асоси қонуни интихобот дар Тоҷикистон ҳар номзад барои номнависӣ бояд маблағи 5800 сомонӣ (баробар бо 600 доллар) гарав бигузорад ва мақомот мегуянд, ҳизб ва номзадҳои пирӯз дар интихобот пули гарав додаашонро пас мегиранд ва онҳое, ки интихоботро бохтанд пулҳояшонро аз даст медиҳанд.

Рақобатҳои таблиғотии номзадҳо нуҳуми феврал оғоз мешавад ва то 28 феврал идома хоҳад дошт. Рӯзи 29 феврал дар Тоҷикистон ба истилоҳ рӯзи хомӯшӣ аст. Ба ҳар ҳизб барои таблиғи барномаҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои давлатӣ ва маҳаллӣ то 40 дақиқа ва ба  ҳар номзад 20 дақиқа вақт дода мешавад.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ назорат мекунанд.

Тоҷикистон илова бар Маҷлиси намояндагон, як Маҷлиси олӣ дорад, ки масъули қонунгузорӣ, содир кардани ҳукм ва бозрасӣ аст ва намояндагони он ба муддати 5 сол интихоб мешаванд.

Маҷлиси олӣ аз ду Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ ташкил шудааст. Маҷлиси намояндагон дорои 63 курсӣ аст, ки аъзои он бо овоздиҳии мардум ва барои 5 сол интихоб мешаванд.

Маҷлиси Сано ё Маҷлиси миллӣ дорои 33 курсӣ аст, ки аъзои он ба таври мустақим (25 узв тавассути намояндагони маҳаллӣ ва 8 узв тавассути раиси ҷумҳур ва барои 5 сол) интихоб мешаванд.

Интихоботи Тоҷикистон дар таърихи 1 март баргузор мешавад.