Январ 21, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии сафири Русия аз коҳиши тоҷикистониҳои мусаллат ба забони русӣ

Сафири Русия дар Душанбе аз коҳиши шумори афроди ошно бо забони русӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Игор Фролов дар маросими муаррифии донишгоҳҳо ва марокизи илмии Русия, ки дар соли таҳсили 2020-2021 донишҷӯёни тоҷикро мепазиранд, гуфтааст, ки “на танҳо дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон, балки дар шаҳри Душанбе низ мо шоҳиди коҳиши шумори касоне ҳастем, ки забони русӣ медонанд”. Сафири Русия дар Тоҷикистон афзуд, ин дар ҳолест, ки Маскав дар солҳои ахир барои иртиқои ҷойгоҳи забони русӣ иқдомоти зиёде анҷом додааст.

Фролов ба эъзоми муаллимони забони русӣ аз Русия ба Тоҷикистон низ ишора карда, афзудааст, имрӯз аз мақомоти сиёсӣ то мудирони мадорис ва волидайни донишомӯзони тоҷик аз фаъолияти ин афрод ибрози ризоиятмандӣ мекунанд. Вай яке аз роҳҳои иртиқои ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистонро омӯзиши ин забон аз боғчаи кӯдакон унвон кардааст.

Игор Фролов ҳамчунин аз тасмими Русия барои пазириши 630 донишҷӯи тоҷик дар соли таҳсилии 2020-2021 аз ҳисоби буҷаи давлати федералӣ хабар дод.

 

Барчасп