Тарози тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон манфӣ аст
Агентии давлатии омори Тоҷикистон эълом кард: Арзиши тиҷорати хориҷии ин кишвар дар соли 2019 бо 300 миллион доллар афзоиш, ба 4 миллиарду 500 миллион доллар расид.
Ба нақл аз сомонаи Агенти давлатии омори Тоҷикистон, содироти Тоҷикистон дар соли гузашта як милиларду 175 миллион доллар арзоварӣ доштааст, ки дар муқоиса бо соли қабл 101 миллион доллар афзоиш нишон медиҳад.
Арзиши воридоти Тоҷикистон дар соли 2019, 3 миллиарду 300 миллион доллар ва се баробари содирот буда, ки бар ин асос, тарози тиҷорати хориҷии ин кишвар ҳамчунон манфӣ боқӣ мондааст.
Дар соли 2019 Русия бо як миллиард доллар тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон, муҳимтарин шарики ин кишвар боқӣ мондааст.
Қазоқистон бо 960 милион доллар дар радифи дуввум, Чин бо 600 миллион доллар ва Узбакистон бо 360 миллион доллар дар ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.
Дар таркиби маҳсулоти воридотии Тоҷикистон дар соли 2019, маводи хоми аввалия беш аз 18 дарсад, мошинҳои мухталиф беш аз 12 дарсад ва маводи шимиёӣ 9,8 дарсадро ба худ ихтисос додааст.