Январ 23, 2020 09:22 Asia/Dushanbe
  • таътил шудани теъдоди зиёди ширкати хусусӣ  порсол дар Тоҷикистон

Ожонси давлатии Омори Тоҷикистон эълом кард ; теъдоди зиёди ширкати хусусӣ дар ин кишвар соли гузашта таътил шуд.

Ба нақл аз сомонаи Ожонси омори Тоҷикистон , соли 2019 ҳудуди ҳазору 400 ширкат таътил ва 24 ҳазору 400 фаоли бахши хусусӣ дар ин кишвар бекор шуданд.

Ҳамчунин соли 2019 дар Тоҷикистон ҳазору 100 ширкат таъсис ва ба 35 ҳазору 300 фаоли бахши хусусӣ низ иҷозатномаи кор дода шуд.

Соли гузашта 245 ҳазор ширкати хусусӣ дар Тоҷикистон ба далелҳои мухталиф муҷавизи фволияти худро лағв карданд,аммо теъдоди фаолони бахши хусусие, ки инфиродӣ муҷавизи кор дарёфт карданд дар муқоиса бо соли 2018 ҳудуди 10 ҳазору 800 нафар афзоиш доштааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон  теъдоди фаолони бахши хусусӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар аст.