Январ 23, 2020 10:44 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ будани тасвирбардорӣ бо телефони ҳамроҳ дар рӯзи интихоботи Парлумонии Тоҷикистон

Камисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард дар рӯзи интихобот тасвирбардорӣ ва аксбардорӣ бо телефони ҳамроҳ мамнуъ аст.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи , Наврӯз  Самадзода раиси дафтари камисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт ; ҳадаф аз ин иқдом пешгирӣ аз суиистифодаи афрод аз тасвири баргузории интихоботи Парлумонии ин кишвар аст.

Бар асоси қонуни интихоботи Парлумонии Тоҷикистон , райдиҳандагон бояд рӯзи аввали моҳи март ду баргаро такмил кунанд,ки яке феҳристи номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва мардумӣ асомии номзадҳо дар ҳавзаҳои инфиродӣ аст.

Пештар масулони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон монеъи аслӣ дар масири ироаи феҳристи номзадҳо ва сабти номи ононро маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ( муодили 600 доллар ) эълом мекунанд ,ки бояд барои сабти номи ҳар довталаб пардохт шавад,ки ин пул дар сурати нокомии номзадҳо, ба онон бозгардонда намешавад.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо интихоботи Шӯроҳои вилоятӣ,   шаҳри ва маҳалии ин кишвар дар 1 моҳи март баргузор хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 курсӣ ва Маҷлиси миллӣ 33 курсӣ дорад.