Сентябр 29, 2016 10:04 Asia/Dushanbe
  • Эътирози рӯзноманигори рус ба тавҳин ба коргарони муҳоҷири тоҷик

Рӯзноманигор ва муҷрии машҳури телевизиони Русия аз тавҳини ҳунармандони танзпардози арманитабор алайҳи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар телевизионҳои ин кишвар ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши сойти ахбори исломии Русия, Максим Шевченко бо ишора ба пахши сериали мавсум ба «Наша Раша» аз шабакаи "ТНТ"-и Русия бо ҳадафи ақибмонда нишон додани коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ гуфтааст, ки ҳадафи танзпардозони арманитабор аз сохти ин филм, эҷоди ихтилоф миёни русҳо ва мусулмонон ва бавижа тоҷикон мебошад.

Вай аз ин иқдом ба унвони коштани базри нифоқ ва ихтилоф миёни ақвом ва миллатҳои сокини Русия ва пайравони мазоҳиби мухталиф дар ин кишвар ёд кардааст, ки ба дасти чанд танзпардози армнитабор дар ҳоли амалӣ шудан мебошад. Аз дидгоҳи вай, ин сериали тавҳиномез намунаи боризи таблиғи афкоринозӣ, ситез бо ақвоми Осиёи Марказӣ ва тақвияти рӯҳияи танаффур нисбат ба миллионҳо нафар аз пайравони Ислом дар Русия ба ҳисоб меояд. Аз ин рӯ, вай ин пурсишро матраҳ мекунад, ки оё Галустян (таҳиякунандаи ин сериал), ки худ шаҳрванди арманитабори Русия аст, омодаи пазириши чунин тавҳин дар қиболи арманиҳо мебошад? Ин рӯзноманигори рус аз сукути созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва марокизи исломии Русия дар қиболи ин сериал интиқод кардааст.