Январ 25, 2020 10:56 Asia/Dushanbe
  • Боқимондани додситони феълии Тоҷикистон ба муддати 5 сол

Маҷлиси миллии ( Сано ) Тоҷикистон бо пешниҳоди раиси ҷумҳур , додситони феълии ин кишварро 5 соли дигар дар симати худ боқӣ зузошт.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , Юсуф Раҳмон ,ки аз соли 2015 симати Додситони кули Тоҷикистонро бар уҳда дорад , бо тасмими Маҷлиси миллии ин кишвар ба мудати 5 соли дигар дар ин мақом боқӣ бимонад.

Муҳаммадсаид Абдуллоев раиси маҷлиси миллии ( сано ) Тоҷикистон ҳангоми баррасии тамдиди давраи фаолияти Юсуф Раҳмон гуфт ; аъзои Маҷлиси миллӣ аз фаолияти вай дар симати Додситони кули ин кишвар дар 5 соли гузашта розӣ ҳастанд.

Ӯ гуфт ; интизор меравад ,ки Додситони кул талош ва ҷидияти бештаре барои мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон дошта бошад.

Юсуф Раҳмон Додситони кули Тоҷикистон низ пас аз боқи монданнаш ба мудати 5 соли дигар дар ин симат дар Маҷлиси миллии ин кишвар гуфт ; дар оянда низ барои таъмини қавонин, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва муқобилаи ҷиддӣ бо фасод ва ришвахорӣ талоши бештаре хоҳад кард.

Юсуф Раҳмон дар солҳои 2004 то 2010 Додситони низомии Тоҷикистон буд , вай ҳамчунин дар солҳои 2010 то 2012 Додситонии устони Суғдро барҳуда дошт. Мудири идораи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон ва муовини аввали Додситони кули ин кишвар аз соли 2012 то 2015 аз дигар масулиятҳои Юсуф Раҳмон аст.

Ӯ дар таърихи 23 январи соли 2015 Додситони кули Тоҷикистон шуд.

Бар асоси оморҳои Созмонҳои байналмиллалии Тоҷикистон , ба лиҳози доштани фасоди сиёсӣ ва иқтисодӣ байни кишварҳои ҷаҳон дар рутбаи 30 қарор дорад.