Январ 27, 2020 10:04 Asia/Dushanbe
  • Писари гумшудаи муовини Ҳизби сотсиал демократ дар Маскав пайдо шуд

Раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон аз пайдо шудани писари муовини хеш, ки чанд рӯз пеш дар Маскав гум шуда буд, хабар дод.

Ба нақл аз саҳифаи Раҳматуллоҳ Зоиров раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар Фейсбук, вай таъкид кардааст, ки дар пайи талоши созмонҳои мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия Ҳоҷиакбар Одинаев писари 19 солаи Муҳаммадмурод Одинаев муовини раиси Ҳизби сотсиал демократ дар Маскав пайдо шудааст.

Ба навиштаи Зоиров мушаххас шудааст, ки Ҳоҷиакбар Одинаев дар боздоштгоҳи муваққати минтақаи Серпуховаи Маскав нигаҳдорӣ мешавад, аммо дар бораи иллати боздошташ тавзеҳе дода нашудааст.

Бино бар гуфтаи раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон Ҳоҷиакбар Одинаев то 10 рӯзи дигар дар ин боздоштгоҳ хоҳад монд ва пас аз судури ҳукми ихроҷаш аз қаламрави Русия ба Тоҷикистон боз хоҳад гашт. Тамос бо вай шаби 19 январи соли равон қатъ шуд, ки нигаронии волидайнашро ба ҳамроҳ дошт.

Гуфта мешавад Ҳоҷиакбр Одинаев дар сентябри соли 2019 барои кор ба Русия рафта буд.