Январ 27, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости Сафорати Тоҷикистон дар Чин аз донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар

Саорати Тоҷикистон дар Чин аз донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар дархост кардааст, ки бо канор гузоштани баҳсҳо ва мунозираҳои беҳуда дар бораи густариши вируси асроромези тоҷдор (коронавирус) дар Чин, ки бо фавти ашхос низ ҳамроҳ мебошад, ба тавсияҳои мақомоти беҳдоштии Пекин амал кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Чин, дар ин баёния таъкид шудааст, ки кишвари қудратманди Чин аз тавоноии ҳалли мушакили густариши ин беморӣ бархурдор аст ва вазъиятро таҳти контрол дорад.

Сафорати Тоҷикистон дар Чин эълом кардааст агар ҳам зарурати хориҷ кардани донишҷӯёни тоҷик аз минтақаҳои таҳти қарантин матраҳ шавад, ин кор анҷом хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки теъдоде аз донишҷӯёни тоҷики машғул ба таҳсил дар шаҳри Вуҳан-маркази шуюи коронавирус аз ин , ки имкони бозгашт ба Тоҷикистонро ба далели қатъи парвозҳо миёни Душанбе ва Пекин надоранд ва шароити зиндагӣ дар ин шаҳр сахт мешавад, ибрози нигаронӣ кардаанд.

Пеш аз ин Вазорати беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон дар пайи шуюи вируси нав дар Чин дар номаҳое ҷудогона ба Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи давлатии тавсеаи гардишгарӣ хостори маҳдудияти сафари шаҳрвандон ва гардишгарони чинӣ ба ин кишвар шуда буд.