Январ 27, 2020 11:45 Asia/Dushanbe
  • Муофияти гумрукӣ ва андози ширкати насби ҳисобкунакҳои нави барқ дар Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад ба ширкати насби ҳисобкунакҳои нави барқ дар Душанбе, ки интиқоли барқро танҳо бо пешпардохти ҳазинаи он имконпазир месозад, имтиёзоте эъто кунад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, сармоягузорон ва ширкати мавсум ба гуруҳи Авесто барои насби ҳисобкунакҳои нави барқ дар шаҳри Душанбе ба муддати 5 сол аз пардохти аворизи гумрукӣ ва андоз муоф хоҳанд шуд.

Дилрабо Мансурӣ намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар нишасти баррасии ин мавзӯъ дар маҷлис бо ибрози нигаронӣ аз итлофи беш аз 19 дарсади барқ дар ин кишвар, ба зарурати иҷрои ҳар чи сареътари тарҳи нави пардохти ҳазинаи барқи масрафӣ барои муштариён дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст.

Ҳамчунин Зафар Бурҳонзода мудири ширкати гуруҳи Авесто эълом кардааст, ки 250 ҳазор ҳисобкунак ба арзиши 88 миллион доллар барои муштариёни барқ дар Душанбе харидорӣ ва насб хоҳад шуд.

Бар асоси муқаррарот, муштариёни барқ вазифадор шудаанд, ки оғози ҳар моҳ ҳазинаи барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ширкати давлатии Барқи тоҷик пардохт кунанд ва интиқоли барқ ба манзилҳои маскунӣ фақат бо доштани корти вижаи пардохти ҳазинаи хадамот имконпазир хоҳад буд.

Дар ин муқаррарот таъкид шудааст, ки дар сурати бадҳисобии муштариён ва доштани қарз барқи хонаҳои онҳо қатъ хоҳад шуд.

Барчасп