Ширкати олмонии "Сименс" ба нерӯгоҳи Роғун таҷҳизот мефиристад
Ширкати олмонии "Сименс", таҷҳизоти мавриди ниёз нерӯгоҳи барқӣ обии дар ҳоли сохти Роғун дар Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард.
Ба гузориши сойти "Фокус", масъулони ширкати "Сименс" эълом карданд, ки дар ояндаи наздик, ирсоли таҷҳизоти мавриди ниёзи нерӯгоҳи барқӣ обии Роғунро оғоз хоҳанд кард.
Бар асоси ин гузориш, насби таҷҳизоти пешрафтаи контроли фаъолияти ин нерӯгоҳ имкон медиҳад, ки тавлид ва интиқоли барқ аз ин нерӯгоҳ ба таври 24 соат таҳти назар бошад ва амалкарди тамоми системҳои насб шуда ба мавқеъ мавриди ташхис қарор гирад.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ, кори бастани маҷрои рӯдхонаи "Вахш"-ро бо ҳадафи сохти сади 335 метрии он оғоз хоҳанд кард, аммо коршиносони ширкати итолиёии "Salini impregilo", ки тобистони имсол барандаи муноқисаи такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун эълом шуд, бар ин нукта таъкид доранд, ки маҷрои рӯдхонаи Вахш дар замистон ва замоне, ки сатҳи об поин аст, баста шавад.
Нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун бо шаш турбина, аз зарфияти тавлиди 14 миллиард киловатт соат/барқ дар сол бархурдор аст, ки такмили ин тарҳ заминаи поён додан ба буҳрони камбуди барқ дар фасли сарморо дар Тоҷикистон фароҳам хоҳад кард. Сохти ин нерӯгоҳ аз 40 сол қабл дар даврони ҳукумати Шӯравӣ оғоз шудааст ва пас аз истиқлоли Тоҷикистон ба иллати мухолифатҳои Узбакистон ва камбуди манобеи молӣ ба кундӣ идома дорад.