Январ 27, 2020 14:39 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз нишони сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз байни гузинаҳои мухталифи ироашуда нишони сиюмин солгарди Истиқлоли ин кишварро таид кард.

Ба нақл аз Форс, нишони сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон доирашакл буда ва дар имтидоди он бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ бо ҳуруфи заррин "Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва рақамҳои "1991-2021" навишта шудааст.

Дар қисми марказии ин нишон адади 30 дар як қоби тиллоӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болоии он яке аз намодҳои давлати Тоҷикистон яъне тоҷ дар болои кӯҳҳои пурбарф дарҷ шудааст.

Қисми поёнии ин адад ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистонро дар бар гирифта бо тасвири пули сесатҳӣ, як нерӯгоҳи барқ обӣ, обпарто ва нақб- баёнгари дастовардҳои чашмгири кишвар аст.

Дар васати ин нишон дарахтони сабз, дарраҳо, теппаҳо ва боғҳо ба тасвир кашида шудааст, ки нишон аз тавсеаи рустоҳо буда ва мунъакискунандаи табиати биҳиштмонанди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Адади 30 осмони шаффоф ва кӯҳҳо нишондиҳандаи фазои сулҳу суботи Тоҷикистони мустақил аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин нишони "Солҳои тавсеаи русто, гардишгарӣ ва саноати дастии мардум" эълом шудани солҳои 2019-2021 милодиро бо ҳадафи муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур таид кард.

Ин нишон тавассути Иттиҳодияи ҳунармандон ва тарроҳони Институти ҳунар ва тарроҳии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Ин нишон бо зинатҳои миллии мардуми тоҷик тазъин шуда, ки бозтобе аз саноати дастии мардуми ин кишвар мебошад.

Вазоратхонаҳо, идораҳо, созмонҳо, муассисаҳо, мақомоти маҳаллӣ ва расонаҳо метавонанд ба таври густарда аз нишони Соли тавсеаи гардишгарӣ ва саноати дастӣ истифода кунанд.